ИДОРАИ КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТӢ

Сардори идораи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ

Раҳмонов Аҳмадҷон Ҷамолиддинович

дотсент
номзади илмҳои техникӣ
Дастовардҳои илмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ яке аз марказҳои пешбари тадқиқотҳои илмӣ, коркардҳои таҷрибавию  истеҳсолӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва омодасозии  кадрҳои илмиву техникии кишвар маҳсуб меёбад. Донишгоҳ дорои нерӯи пуриқтидори илмӣ – техникии ҷавобгӯ ба талаботҳои имрӯза буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра, аз рӯи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, дар самтҳои мазкур корҳои илмӣ – тадқиқотиро ба роҳ мондаст.

Олимони донишгоҳ тадқиқотҳоро дар самти илмҳои бунёдӣ ва амалӣ роҳандозӣ менамоянд, ки ба ҳалли масоили ҳалталаби мубрами хоҷагии халқ равона шуда, бо самтҳои афзалиятноки илм ва рушди иқтисодиёти миллӣ ҳамоҳанг ҳастанд. Ҳар сол аз рӯи якчанд лоиҳаҳои буҷавӣ-фармоишии аз љониби Ҳукумати мамлакат маблағгузоришаванда ва лоиҳаҳои аз тарафи Фонди Президентӣ маблағгузоришаванда корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда мешаванд. Дар давоми панҷ соли охир дар донишгоҳ якчанд лоиҳаи буҷавӣ-фармоишӣ пурра иҷро шуда, иҷроиши қисми дигарашон мутобиқи муҳлати пешбинишуда давом дорад.  Аз ҷумла:

 «Ихтироъ ва таҳқиқоти дастгоҳҳои гелиоэнергетикии тавоноиашон хурд» барои солҳои 2010-2014 (роҳбари илмӣ - н.и.т., профессор М.Б.Иноятов);

  «Коркарди технология  ва таҷҳизоти сермаҳсул барои истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои ҷавоҳироти дар асоси истифодаи раванди коркарди марказшитоб» барои солҳои 2010-2014 (роҳбари илмӣ - н.и.т., дотсент И.М. Мирзоалиев);

   «Коркарди технология ва таҷҳизоти сермаҳсул барои истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои ҷавоҳиротӣ дар асоси истифодаи раванди коркарди марказшитоб» барои солҳои 2010-2014 (роҳбари илмӣ - н.и.т., дотсент И.М. Мирзоалиев);

   «Назария ва амалияи асбобҳои модулятсионӣ-интегралии баҳодиҳии нишондиҳандаи сели электрикӣ» барои солҳои 2010-2014 (роҳбари илмӣ - н.и.т., профессор В.Г. Чекалин);

   «Коркард ва ба кор даровардани ҳаракатдиҳандаҳои автоматонидашудаи электрикии каммасраф ва равандҳои электрикӣ» барои солҳои 2010-2013 (роҳбари илмӣ - н.и.т., профессор Х.Р. Содиқов);

   «Хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии пайвастагиҳои лантаноидҳо ва актиноидҳо» барои солҳои 2010-2014 (роҳбари илмӣ - д.и.х., профессор А.Б. Бадалов);

   «Истифодаи технологияи нави электронӣ дар талими илмҳои техникӣ ва дақиқ» барои солҳои 2013-2014 (роҳбари илмӣ - н.и.ф-м., дотсент И.Т. Хоҷахонов);

   «Рушди назария ва такмили технологияи коркарди пахта барои нигоҳдории сифатҳои табии нах ва чигит» барои солҳои 2013-2015 (роҳбари илмӣ - д.и.т., профессор Х.И. Иброҳимов);

   «Сохтани моделҳои ададии масъалаҳои динамика ва назарияи зилзилатобоварӣ» барои солҳои 2013-2017 (роҳбари илмӣ - д.и.т., дотсент А.А. Ҳољибоев);

   «Тадқиқоти хосиятҳои физикавию химиявӣ ва механикию технологии ҷисмҳои сахт» барои солҳои 2013-2017 (роҳбари илмӣ - н.и.т., дотсент И.Ш. Муслимов);

   «Такмил додани низоми хизматрасонии техникию агротехнологӣ дар асоси ташкид намудани маркази мошину технологӣ дар минтақаҳои пахтакори Точикистон» барои солҳои 2014-2018 (роҳбари илмӣ - д.и.т., профессор С. Сафаров);

  «Коргарди лоиҳаҳои аногори барои сохтмони хонаҳои шахсии  шакли нав дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» барои солҳои 2014-2018 (роҳбари илмӣ - д.меъм., профессор Муқимов Р.С.;

   «Коркард ва тадқиқоти системаҳои рақамии адаптивии модулятсиони интегралии ноқилҳои электрикӣ» барои солҳои 2014-2018 (роҳбари илмӣ - н.и.т., профессор В.Г. Чекалин;

   «Сарфаҷуии энергия дар ҳаракатдиҳандаҳои электрикии таъҷизотҳои саноатӣ» барои солҳои 2014-2018 (роҳбари илмӣ - н.и.т., профессор Содиқов Х.Р.;

   «Таҳқиқоти таҷрибавии кори статикӣ ва зилзилатобоварии унсурҳои синҷи беболор аз оҳанубетонӣ яклухт» барои солҳои 2016-2020 (роҳбари илмӣ - н.и.т., дотсент Л.Ш. Шарипов).

Дар донишгоҳ ҳамчунин се мавзӯи илмӣ таҳқиқотии ба номгӯи мавзӯъҳои “Стратегияи Точикистон дар соҳаи илм ва технология дар солҳои 2007-2015” дохилшуда иҷро шуда истодаанд.

Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар амалияи фаъолияти омӯзгорӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Аҳли заҳмати донишгоҳ дар ташкилу гузаронидани семинарҳо, конференсияву симпозиумҳои илмӣ ва олимпиадаҳои фанниву намоишгоҳҳои сатҳҳои гуногун иштироки фаъолона доранд.

Бо мақсади ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯён дар Донишгоҳ ва факултетҳои он, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва давраҳои мустақили илмиву техникӣ ташкил карда шудааст:

-         Маркази илмӣ-техникии донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорон;

-         Маркази кашфиётчиёни ҷавон;

-         Шӯъбаи тарҳрезӣ- лоиҳакашии донишҷӯён;

-         Маркази экологии донишҷӯёни факултети соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент “ЮНОНА”;

-         Маҳфили “Муҳаққиқони ҷавон”-и факултети Технологияи химиявӣ ва металлургия;

-         Маҳфили илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни кафедраи «Технология ва таҷҳизотҳои коркарди пахта» бо номи «Технолог»;

-         Маҳфили илмии донишҷӯён «Мошинсоз»;

-         Маркази машваратии «КНАУФ-ДТТ»;

-         Барномаи ҳаракати байналмилалии Энактус.

Инчунин озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ва як қатор маҳфилҳои илмии дигар фаъолияти пурсамарро пеш мебаранд. Донишҷӯёни донишгоҳ ба таври мунтазам дар кори конференсияҳои илмии байналмилалӣ, илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад менамоянд.

Донишгоҳ дар доираи барномаҳои байналмилалӣ барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландкасб корҳои зиёдеро ба анҷом расондаст. Аз ҷумла тибқи барномаи  Темпус дар Донишгоҳ озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимии «Энергияи тоза» ва “Сарфаи энергия дар сохтомон” сохта ва бо таҷҳизоти замонавӣ муљаҳҳаз гардонида шуда, аввалин маротиба дар љумҳурӣ барои тайёр намудани  магистрони соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сарфаљуии энергия дар сохтмон, мусоидат намуд. 

Дар донишгоҳ озмоишгоҳи таълимии механикии ҳозиразамони Ҳиндустону Тоҷикистон, ки таъсисаш ҳангоми сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон (августи соли 2006) пешбинӣ шуда буд, таъсис дода шуд. Озмоишгоҳи мазкур аз љониби Ширкати Ҳиндустонии HMТ (I) (Hindustan Machines Tools (International)) бо таҷҳизоти муосири коркарди механикӣ ҷиҳозонида шудааст.

Бо фармоиши ШСХК “Барқи тоҷик” донишгоҳ аз рӯи мавзӯи «Таҳқиқи реҷаи кории силсиланерӯгоҳҳои барқию обии Вахш ва Қайроққум» ва мавзуи фармоишии буҷавӣ, доир ба «Коркард ва тадқиқоти дастгоҳҳои тавоноии хурди энергетикии офтобӣ»  кори тадқиқотиро иҷро ва амалӣ намуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон», ки бо қарори Раёсати Комиссияи Олии Аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россиия аз 03 декабри соли 2010 ба Рӯихати  маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Россия дохил карда шудааст, ба нашри саривақтии мақолаҳои аспирантону унвонҷуёни донишгоҳ мусоидат намуда, чопи мақолаҳои илмии олимони ҷумҳурӣ ва дигар давлатҳои дунё аз эътирофи байналмилалӣ касб намудани он гувоҳӣ медиҳад.

Дар тӯли 25 соли истиқлолияти кишвар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ зиёда аз 250 номзади илм ва 35 доктори илм тайёр карда шудаанд.

Зиёда аз 40%  омӯзгорони  донишгоҳ  дорои унвону дараҷаҳои илмӣ буда, ки дар байни онҳо академикҳо, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявию соҳавӣ низ ҳастанд.

Донишгоҳ омодасозии кадрҳои илмиву педагогиро тавассути аспирантура ва докторантура аз рӯи 10 равия ва 75 ихтисоси илмӣ ба роҳ мондааст. Ҳоло бошад аз рӯи 14 ихтисос тавассути докторантураи PhD кадрҳои илмиву педагогиро барои тайёр намудан омода мебошад.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ яке аз марказҳои пешбари тадқиқотҳои илмӣ, коркардҳои таҷрибавию  истеҳсолӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва омодасозии  кадрҳои илмиву техникии кишвар маҳсуб меёбад. Донишгоҳ дорои нерӯи пуриқтидори илмӣ – техникии ҷавобгӯ ба талаботҳои имрӯза буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра, аз рӯи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, дар самтҳои мазкур корҳои илмӣ – тадқиқотиро ба роҳ мондаст.

Олимони донишгоҳ тадқиқотҳоро дар самти илмҳои бунёдӣ ва амалӣ роҳандозӣ менамоянд, ки ба ҳалли масоили ҳалталаби мубрами хоҷагии халқ равона шуда, бо самтҳои афзалиятноки илм ва рушди иқтисодиёти миллӣ ҳамоҳанг ҳастанд. Ҳар сол аз рӯи якчанд лоиҳаҳои буҷавӣ-фармоишии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маблағгузоришаванда ва лоиҳаҳои аз тарафи Фонди Президентӣ маблағгузоришаванда корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда мешаванд. Дар давоми панҷ соли охир дар донишгоҳ якчанд лоиҳаи буҷавӣ-фармоишӣ пурра иҷро шуда, иҷроиши қисми дигарашон мутобиқи муҳлати пешбинишуда давом дорад.

Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар амалияи фаъолияти омӯзгорӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Аҳли заҳмати донишгоҳ дар ташкилу гузаронидани семинарҳо, конференсияву симпозиумҳои илмӣ ва олимпиадаҳои фанниву намоишгоҳҳои сатҳҳои гуногун иштироки фаъолона доранд.

Бо мақсади ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯён дар Донишгоҳ ва факултетҳои он, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва давраҳои мустақили илмиву техникӣ ташкил карда шудааст: Маркази илмӣ-техникии донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорон; Маркази кашфиётчиёни ҷавон; Шӯъбаи тарҳрезӣ- лоиҳакашии донишҷӯён; Маркази экологии донишҷӯёни факултети соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент “ЮНОНА”; Маҳфили “Муҳаққиқони ҷавон”-и факултети Технологияи химиявӣ ва металлургия; Маҳфили илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни кафедраи «Технология ва таҷҳизотҳои коркарди пахта» бо номи «Технолог»;

Маҳфили илмии донишҷӯён «Мошинсоз»; Маркази машваратии «КНАУФ-ДТТ»; Барномаи ҳаракати байналмилалии Энактус.