ШӮЪБАИ ТАБЪУ НАШР

Дар Шуъбаи табъу нашр ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои  таълимии донишгоҳ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию – методӣ, журналҳои илмӣ ва академӣ, маводи шиносоӣ барои довталабон, эълону табрикот бо сифати баланди чоп карда мешаванд. Шуъба бо дастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда имкони чопи сифати баланд ва муқовабандиро дорад ва дар заминаи он дарсҳои озмоишии ихтисосҳои соҳаи полиграфии Донишгоҳ низ баргузор мегардад.

Шуъба узви Агентии миллии ISBN буда ва дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Кормандони ШТН: Шарипов Н.Д. – мудири шуъба, Тоҳиров Ш.З. – мутахассиси чоп, Алиев Т.З. - оператор нусхабардор.