ШӮЪБАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА КОР бо МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ

Соли 2016 бар ивази  Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон таъсис дода шудааст. Маркази мазкур тадбирҳои интихоби касбу ҳунар, таълим дар асоси барномаҳо ва технологияҳои пешрафтаи таълим ба роҳ монда бо кор таъминсозии хатмкунандагон ва мутобиқшавии онҳоро дар фаъолияти амалӣ дастгирӣ мекунад. Масъалаҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, ташкили такмили омӯзиши истеҳсолиро ба роҳ монда бо корхонаҳои саноатӣ ва вазорату кумитаҳо дар робита мебошад. Мақсади Марказ - баланд намудани самаранокӣ ва дастрасӣ дар бозори хизматҳои таълимотӣ аз ҳисоби истифодабарии усулҳои пешрафта ва технологияҳои таълим дар раванди омӯзиш, интихоби касб ва азхудкунии савияҳои амалӣ дар барномаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Кормандони маркази рушди касбият: Тауров Э.Ш. – мудири шуъба, мутахассиси  пешбар – Назаралиева С.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айни, 14
Тел: 221-17-13, факс: 221-20-03 (қабулгоҳи вазир) Шӯъбаи умуми тел: 222-22-14
http://www.mintrans.tj/, info@mintrans.tj