ИДОРАИ ТАЪЛИМӢ - МЕТОДӢ

            Вазифаи асосии Идораи таълимию методӣ (ИТМ): ташкил намудани  ҷараёни таълим,  назорати ҷорӣ аз болои ҳамаи намуди корҳои таълимӣ, омўзиш ва ворид намудани  таҷрибаи пешқадами раванди таълим ва баланд бардоштани  сифати дониши мутахассисон, банақшагирии сарбории таълимӣ ва ҳайати профессорону омўзгорон, гузаронидани  озмуни ҷойҳои  холии корӣ, ташкил намудани  таҷрибаомӯзии донишҷўён, тақсимоти мутахассисони ҷавон, банақшагирии  чопи китоб ва маводи  таълимӣ.

            Идораи таълимию методиии донишгоҳ фарогири 9 шуъба ва марказҳо мебошад: шуъбаи таълим, маркази рушди касбият, шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот, маркази бақайдгирӣ ва машварат, шуъбаи табъу нашр, факултети таёрӣ (литсейи техникӣ), китобхонаи илмӣ ва электронӣ, шуъбаи магистратура ва маълумоти дуюми олии касбӣ. Сардори Идораи таълимию метод: н.и.и., дотсент Ҳамроев Ф.М.