ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲ
ДИРЎЗ ИМРЎЗ ФАРДОИ ДОНИШГОҲ

Истиқбол ва баргузории ҷашни 60 - солагии донишгоҳ ба рӯзҳое рост омад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдат бо руҳи болида ва шодию фараҳ ҷашни муқаддас - 25  солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамонро дар сатҳи баланд омода ва таҷлил намуд. Таҳлили дастовардҳои даврони истиқлолият дар оинаи чорабиниҳои ҷашнӣ нишон доданд, ки таи солҳои охир, бо шарофати истиқлолият ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон, халқи шарафманду меҳнатдӯсти диёрамон, дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муташаккилона фаъолият намуда, ба дастовардҳои назаррас  ноил шудааст. Дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа талошҳои созандаи мардум барои ободонӣ эҳсос карда шуда, ҷумҳурии биҳиштосоямон ба майдони сохтмонҳои азими энергетикӣ, саноатӣ, шоҳроҳҳои замонавии байналмилалӣ, иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, истиқоматию  истироҳатӣ табдил ёфта истодааст. Аз қуллаи тантанаҳои ҷашнӣ ба фаъолияти 25 солаи ҷумҳуриамон, ба дастоварду мушкилот ва имкониятҳои мавҷуда назар андохта, бо ифтихору сарфарозӣ  метавон гуфт, ки дурнамои рушди ҷумҳуриамон  умедбахш буда, мардуми шуҳратёри  мо дар атрофи сиёсати воқеию дурандешонаи Пешвои арзандаи миллатамон муттаҳид гардида, метавонад дар ояндаи наздик ба дастовардҳои боз ҳам бештар соҳиб гашта, сатҳи зиндагӣ ва мақоми давлати тоҷиконро  дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар бардорад.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеа, тамоми бурду бохти онро дар худ таҷассум менамояд. Дар ин маълумотномаи мухтасар  кӯшиш менамоем, ки  дар доираи самараҳои  25 соли истиқлолият, ба фаъолияти донишгоҳ аз оғоз  то имрӯз назар андохта, самтҳои асосии рушди онро барои фардо равшан намоем.

Агар ба таърихи ташаккул ва рушди донишгоҳ дар 60 соли фаъолияташ назар андохта, дар бораи он маълумоти мухтасаре оварданӣ шавем,  шартан бошад ҳам, аз ду қисмат – аз ду марҳила иборат будани онро баръало эҳсос карда метавонем.

Марҳилаи якум - солҳои 1956-1990,  фаъолияти донишгоҳро дар замони Шӯравӣ дарбар гирифта, ба марҳилаи дуюм - солҳои 1991- 2016,  фаъолияти донишгоҳро дар давраи  соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ворид кардан мумкин аст. Саҳифаҳои рӯзномаи таърихи донишгоҳ  дар ҳар ду марҳилаи  инкишофаш, аз рӯйдоду воқеаҳои муҳиму ибратбахш ғанӣ буда, таҳлилу омӯзиши ҳар яки онҳо барои имрӯзу фардои донишгоҳ  роҳнамо буда метавонад.

Донишгоҳ бо Қарори Шӯрои вазирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти № 14 аз 6 январи соли 1956 ҳамчун Институти политехникии Сталинобод, барои таъмин намудани талаботи хоҷагии баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ барқарору инкишоф ёфтаистодаи ҷумҳурӣ бо кадрҳои муҳандисӣ, таъсис дода шуда буд.  Мундариҷаи қарор аз чанд ҷиҳат боиси таваҷҷуҳ мебошад. Масалан,  сархати аввали банди дуюми қарор дар бораи ба муассисаи таҳсилоти олии навтаъсиси соҳаи маориф  додани бинои нави барои мақомоти олии сиёсию қонунгузорӣ ва иҷроияи  пойтахт пешбинишуда, аз муҳимияти таъсисӣ ин мактаби олӣ аз назари Ҳукумати ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ  гувоҳӣ медиҳад. 

Институт соли аввал  дар  се факултет аз рӯи 8 ихтисос, ҳамагӣ  200 нафар донишҷӯёнро қабул намуда буд. Ҳарчанд ки дар Тоҷикистон таҷрибаи таъссиси мактабҳои олӣ мавҷуд буда, аллакай дар ҷумҳурӣ 6 муассисаҳои таҳсилоти олӣ амал мекарданд, вазъи таълим дар оғоз  хеле душвору мураккаб буд. Дар Тоҷикистон ҳануз таҷрибаи омодакунии мутахассисонӣ муҳандисӣ набуд. Устодон, воситаҳои таълимию китобҳои дарсӣ, таҷҳизотҳои таълимию озмоишгоҳҳо намерасиданд. Институт метавон гуфт, ки дар “ҷойи холӣ” таъсис дода шуда буд. Худи бино ҳам, ки барои идораи маъмурӣ сохта шуда буд, барои ташкили раванди таълим чандон мувофиқ набуд. Аз ин лиҳоз, масъалаҳои зиёди ташкилӣ, таълимӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию тарбиявиро баррасӣ ва ҳал намудан лозим буд.

 Хушбахтона роҳбарияти ҳамонвақтаи институт, таҳти роҳбарии аввалин ректори донишгоҳ устод Осимӣ М.С. тавонистанд мушкилиҳоро пайдарпай бартараф намуда,  институтро дар як муддати кӯтоҳ ба қатори мактабҳои олии пазируфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ ворид намоянд.

Имрӯзҳо дар бораи ҳамкории донишгоҳу донишкадаҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмию таълимии минтақаҳои гуногун, мубодилаи барномаю воситаҳои таълимӣ, вусъат бахшидани мубодилаи академӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати омодакунии мутахассисон  суханҳои зиёде  гуфта, чорабиниҳои бисёре баргузор карда мешаванд. Агар ба таърихи таъсис ва ташаккули донишгоҳ бо диққат назар андозем, мебинем, ки он зодаи чунин ҳамкориҳои замонаш мебошад. Чандин муассисаҳои таълимию марказҳои илмии шаҳрҳои гуногуни ИҶШС, аз ҷумла Институти  энергетика  ва Институти Физико-техникии шаҳри Москва, Институтҳои политехникии Урал ва Озорбойҷон,  на танҳо бо китобҳои дарсию дастуру воситаҳои таълимӣ, дастгоҳу таҷҳизотҳои озмоишӣ институти навтаъсисро дастгирӣ намуданд, инчунин кормандонашонро барои бевосита  насб карда ба кормандони институт  тарзи истифодаи таҷҳизотҳоро омӯзонидан, сафарбар намуданд. Агар ба фармонҳои дохилии институт дар ҳамон солҳо шинос шавем, соли таҳсилеро ёфтан душвор аст, ки фармоне дар бораи фиристонидани гуруҳҳои пурраи академӣ, шумораи муайяни донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ ё идомаи таҳсил ба ин ё он муассисаи таълимии шаҳрҳои марказии ИҶШС, ба тасвиб нарасида бошад. Маҳз бо дастгирӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо марказҳои илмию таълимии маълуму собиқадори минтақаҳои гуногуни ИҶШС, мактаби олии техникии навтаъсиси Тоҷикистон тавонист ба  донишгоҳу донишкадаҳои шинохта ҳамоҳанг шуда, омодакунии мутахассисонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад.

 Албатта,  ҳамаи ин ҳамкориҳо  дар он давра, дар ҷаҳорчубаи сиёсати таҳсилотии як давлати ягонаи бузург  амалӣ карда мешуданд.  Лекин, ба ақидаи мо  бисёр шаклҳои ин ҳамкориҳо, соддагию самаранокии онҳо, имрӯз ҳам дар амалӣ намудани ҳамкориҳои донишгоҳ бо донишгоҳу донишкадаҳои минтақаҳои гуногун, ҳеҷ набошад дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилотии дохили ҷумҳур, қобили тавҷҷуҳ ва истифода буда метавонанд.

Дар оғози солҳои 60-ум вобаста ба тағйирёбии  афкори сиёсии ҷомеа, номгузории бисёр корхонаю  муассисаҳо дигар карда шуданд.  Аз ҷумла соли 1961 Институти политехникии Сталинобод - Институти политехникии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.

Дар охири марҳилаи якум, оғози солҳои 90-ум Институти политехникии Тоҷикистон ба яке аз муассисаҳои асосии таҳсилоти олии касбии омодакунии кадрҳои муҳандисӣ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар ИҶШС ва минтақа маҳсуб ёфта, дар он на танҳо шаҳрвандони ИҶШС,  инчунин шаҳрвандони  кишварҳои хориҷи дуру наздик, таҳсил менамуданд. Хатмкардагони институт дар корхонаю иншоотҳои муҳими ҷумҳурӣ ва  берун аз он, бомувафаққият фаъолият мекарданд. Нишондиҳандаҳои институт дар озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ назаррас гардида, бо ҷоизаҳои гуногун сарфароз гардонида мешуданд. Чунончӣ  институт барои омодакунии мутахассисони баландихтисос ва нишондиҳандаҳои хуби самаранокии корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ дар соли 1984, ғолиби мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқӣ дониста шуда, бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз карда шудааст. 

Беҳтарин мақсад, нақша ва ё  чорабинӣ худ аз худ амалӣ намешавад. Онҳоро одамони софдилу меҳнатдӯст ва донишманду кордон амалӣ менамоянд. Дар таъсису ташаккули Институти политехникӣ ҳам, саҳми аввалин кормандон ва махсусан аввалин ректори он  устод Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ  хеле калон мебошад. Ин шахсияти шинохтаи ҷумҳурӣ, олими оқилу фозил, ташкилотчии илму маориф  тавонист моҳияти масъала ва имкониятҳои мавҷударо воқеъбинона  баҳо дода, самти рушди ояндаи институтро дуруст тарҳрезӣ намояд. Дар ин кор ба ӯ аввалин кормандони институт фаъолона ёрӣ мерасониданд. Худи устод Осимӣ дар ин бора аз ҳамкорони ҳамонвақтааш Ли Тхя Дюн (Муовини ректор оид ба таълим), А.С. Сулайманов, Г. Форстян, У.Х Қамаров, Ш. Назаров, Н.П. Латипов, Н. Мадалиев, М.М. Суяркулов, К.Шукроев, Е.В. Гуртовая, Т.А. Баришникова, Л.Т. Королева, П.В Цой ва дигарон бо некӣ ёдоварӣ менамояд.

 Раёсати институт кӯшиш менамуд, ки дар доираи мундариҷаи фармону дастурҳои Шӯрои вазирон ва Вазири маорифи ИҶШС оид ба дастгирии Институти политехникии Тоҷикистон аз имкониятҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҳамкор, барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ - техникӣ ва таълимӣ - методии институт, самаранок истифода намояд. Устодони ботаҷрибаи ин мактабҳои олии номдору  шинохтаро  барои таълими донишҷӯён бевосита истифода намояд. Аз тарафи дигар, онҳо хуб дарк менамуданд, ки  фақат дар такя бо кадрҳои беруна рушди устувори институтро таъмин намудан номумкин аст. Бинобар ин, аз ҳисоби хатмкунандагони худи институт омода намудани мутахассисони дараҷаи олии зарурӣ , ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди институт муайян  карда шуда буд. Устод М.С. Осимӣ дар хотираҳояш нисбати фаъолияташ дар Институти политеникӣ қайд менамояд, ки аз аввалин хатмкунандагони институт чандин нафарашон дар  институт барои идомаи кор монданд, ки дар байнашон  устодон Х. Р.  Содиқов., А.Р. Рӯзиев, М.М. Табибуллоева, Т.О. Қароев, В.Г. Чекалин ва дигарон буданд.

Дар баробари ин, мутахассисони ҷавону болаёқат, ба монанди Ёқубов Н.Х., Саидов Ҳ.С., ки дигар мактабҳои олии маъруфи Шӯравиро хатм карда буданд, дар институт ба кор қабул карда мешуданд. Тартиби бо ном “Низоми М,С.Осимӣ – хатмкунанда кафедра коромӯз аспирант кафедра” ба роҳ монда шуда, амал мекард.

Баъдан таҳти роҳбарии ректорон Сулаймонов Абулҳай Сангинович (солҳои 1962-1972), Ёқубов Наим Холович (солҳои 1972-1988), и.в.ректор Нигматов Икромҷон Исматҷонович, Ваҳобов Анвар Ваҳобович (1989-1990)  институт анъанаҳои хуби М.С. Осимиро ривоҷ дода, дар пешбурди илму таълим ба мувафақиятҳои назаррас ноил шуд.

Мутаасифона оғози марҳилаи дуюми фаъолияти донишгоҳ низ, бо бархурд ба душвориҳои гуногун оғоз гардид.  Муқаддастарин дастоварди ҳар халқу миллат - Истиқлолияти давлатӣ, сентябри соли 1991 ба мардуми мо нисбатан ба осонӣ насиб шуда бошад ҳам, нигоҳ доштану самаранок истифода намудани он имконнопазир гардид. Баъди пошхӯрии  Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳурии мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фаро гирифта, ҳатто хатари мавҷудияту якпорчагии Тоҷикистон ба миён омад. Бисёре аз мактабҳои олии ҳамкор дар хориҷи ҷумҳурӣ воқеъ гардида, аксарияти робитаҳои донишгоҳ  канда  шуданд. Бо сабаби вазъи душвори сиёсию иқтисодӣ, қисми зиёди устодону кормандони донишгоҳ, махсусан онҳое, ки ватани аҷдодиашон берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ буд, ба хориҷи кишвар рафтанд. Қисмати дигари кормандон бошад, ба соҳаҳои дигари фаъолият  гузаштанд.

 Пояи  моддӣ-техникии таълим  хеле заиф гашта, ҷалби устодону донишҷӯён ба кору таҳсил душвор гардид. Дар чунин вазияти душвору ҳассос, масъалаи нигоҳ дошта тавонистани сохтори донишгоҳ ва имконияти таълимии қисмҳои сохтории он, ҳамчун  масъалаи муҳим ваасосӣ ба миён омад. Бояд тазаккур дод, ки Раёсати ҳамонвақтаи институт таҳти роҳбарии ректор Содиқов Хисрав Ризоевич (солҳои 1990 - 2001) аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа бомувафақият баромаданд. Биноҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо, хобгоҳҳои донишгоҳ асосан дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта шуданд. Донишгоҳ ягон лаҳза фаъолияти кориашро қатъ нанамуда, қабул ва таълими донишҷӯёнро бефосила идома медод.

Солҳои 90-ум дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ як тазоди дигар низ пайдо шуда, бо суръати  паҳн гардид. Ҳамаи институтҳои таълимӣ аввал университетҳо, баъдан ҳамчун донишгоҳҳо  номгузорӣ карда шуданд. Таъсиси донишгоҳу донишкадаҳои нав хеле вусъат ёфт. Институти политехникии Тоҷикистон ҳам, соли 1992 ҳамчун Университети техникии Тоҷикистон ва бо мақсади пос доштани хизматҳои шоёни  аввалин ректори он Осимӣ Муҳаммад Сайфидиннович, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №70 аз 07.02.1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ  номгузорӣ карда шуд.

Хушбахтона тавассути талошҳои ҷонфидоёнаю  пайгиронаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи фоҷиаҳои даҳшатноки  миллаткуш  гирифта шуд. Соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ҷумҳурӣ сулҳу ваҳдат барқарор гашта, барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиётӣ кишвар, шароити мусоид фароҳам омад.

Яке аз масъалаҳои муҳими донишгоҳ дар ин давра, ба талаботи иқтисодиёти ҷумҳурии

 соҳибистиқлол мувофиқ кунонидани фаъолияти илмию таълимӣ ва омодакунии мутахассисон ба шумор мерафт.  Чунки соҳаҳои нави иқтисодиёти ҷумҳурӣ, мутахассисони дорои ихтисосҳои наву замонавиро тақозо менамуданд. Бинобар ин, дар донишгоҳ омодакунии мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои  наву замонавӣ- “Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо”, “Менеҷменти истеҳсолӣ”, “Металлургияи фулузоти ранга”, “Технологияи химимявии моддаҳои ғайриорганикӣ”, “Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо”, “Ташхис ва идораи амволи ғайриманқул” ва дигар ихтисосҳо ба роҳ монда шуд. Сохтори доншгоҳ такмил дода шуда, воҳидҳои нави сохторӣ таъсис дода шуданд. Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадафҳо аз соли 1996 сар карда дар сохтори донишгоҳ коллеҷу литсейҳо ташкил карда шуданд. Дар асосӣ техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе Коллеҷи техникӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин дар пояи техникуми энергетикии шаҳри Қурғонтеппа - Коллеҷи политехникӣ, дар пояи техникуми Исфара – Коллеҷи технологии Исфара, дар асоси политехникуми Осиёимиёнагӣ дар шаҳри Чкаловск – Коллеҷи кӯҳию металлургӣ таъсис дода шуданд.

Ҳамин тариқ, аз солҳои 2000-ум сар карда, барои такмили сохтору рушди бемайлони донишгоҳ шароити мусоид фароҳам омад. Раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии ректор Одинаев Саидмуҳаммад (солҳои 2001-2005) барои ба низом даровардани мундариҷаи таълим, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳо, таъмиру омодакунии биноҳои таълимию иншоотҳои муҳандисӣ чораҳои мушаххас андешида, назорати раванди қабул ва низоми таълимро беҳтар намуданд. Дар донишгоҳ оҳиста – оҳиста  вазъияти кории мӯътадил  барқарор шудан гирифт.

Махсусан ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ 17 апрели соли 2007  суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 50 - солагии донишгоҳ, суҳбатҳои самимонаю пурмуҳтавояшон  бо кормандону донишҷӯён ба рушди донишгоҳ такони ҷиддӣ бахшид. Метавон гуфт, ки баъди ин ташрифи хотирмону барои донишгоҳ тақдирсозӣ Ҷаноби Олӣ, марҳилаи сифатан нави рушду фаъолияти донишгоҳ оғоз гардид. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  суҳбату  суханрониҳояшон  ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти донишгоҳро нозукбинона таҳлил намуда, барои  рафъи камбудиҳо ва тақвияти дастовардҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҷаноби Олӣ дар ин вохӯрӣ ба зиёда аз 52 саволу пурсишҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал гуфта, роҳҳои имконпазири ҳалли масъалаҳои номбаршударо нишон доданд.

Ҳоло дар донишгоҳ 7 факултет – факултети Энергетика, факултети Сохтмон ва меъморӣ, факултети технологияҳои инноватсионӣ, факультети технологияҳои иттилооти ва коммуникатсионӣ, факултети нақлиёт, факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Белоруссия ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, инчунин Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе, Литсейи техникӣ, Маркази такмили ихтисос ва хизматрасонии машваратӣ  фаъолият менамоянд. Фақат дар сохтори асосии донишгоҳ (бе Донишкадаи политехникӣ, Коллеҷи техникӣ, Литсеи техникӣ) зиёда аз 8,5 ҳазор нафар донишҷўён таҳсил менамоянд, ки 6,5 ҳазор нафарашон дар шўъбаи рўзона таҳсил менамоянд. Дар 48 кафедраи Донишгоҳ зиёда аз 430 нафар устодон фаъолият менамоян., ки аз онҳо 20 нафарашон профессорон, докторони илм ва 155 нафарашон дотсентон, номзадони илм мебошанд. Дар донишгоҳ коргарони собиқадори тамоми ҳаёташонро ба кори  таълиму тарбия бахшида ба монанди Содиқов Х.Р., Додхудоев М.Д., Иноятов М.Б., Аҳророва А.Д., Аслонов М., Ҷаборова М.К, Саидов Ҳ.С., Зулфонов С.З, Нигматов И.И., Рўзиев А.Р., Муқимов Р.С., шарипов А.Ш., Шарипов Л. Ш. Ва дигарон якҷоя бо ҷавонони дирўз аз мизи донишҷўи бархеста омодаанд, ки тамоми қувваю  имкониятҳояшонро барои беҳтар намудани сатҳу сифати илму таълиму тарбия  дар донишгоҳ сарф намуда, барои пешрафти ҷумҳуриамон саҳми босазои худро гузоранд.


Мавриди суханрониашон дар Рӯзи дониш, ҳангоми ифтитоҳи бинои нави факултети Сохтмон ва меъмории донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравию дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро қайд намуда, таъкид намуданд, ки ҳоло аз нишондиҳандаҳои миқдорӣ худдорӣ намуда, бештар барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои сифатӣ, ҷиҳати ҳар чи зиёдтар ба боло рафтани самаранокии иқтисодиёти ҷумҳурӣ нигаронида шудани  корҳои илмӣ ва омодакунии мутахассисон диққат додан зарур аст. Саҳми муассисаҳои илмию таълимӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди устуворӣ ҷумҳуриамон бояд назаррас бошад.

Дар ҳамин ҷамъомад масъалаи ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ додани мақоми Донишгоҳи миллии техникии Тоҷикистон баррасӣ ва дастгирӣ ёфта, барои иҷро дар банди 14-уми Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст. Дастгирии ин пешниҳод ҳам аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба рушди фарҳанги техникӣ ва омодакунии мутахассисони соҳаи техника ва технология мебошад.

Сафарбар намудани тамоми захираю имкониятҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва кадрию техникии донишгоҳ барои амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои  эҳёкунандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳнамои Барномаи фаъолияти донишгоҳ барои имрӯз ва фардои донишгоҳ хоҳад буд. Боварӣ дорем, ки Раёсат, Шурои олимон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кулли кормандони донишгоҳ ба таҷрибаи 60 сола такя намуда, тамоми нерӯ ва имкониятҳоро барои иҷрои дастурҳои хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намуда, сатҳу сифати омодакунии мутахассисон ва корҳои илмиро беҳтар намуда, онҳоро ба талаботи имрӯзаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ наздик менамоянд ва дар таъмини рушди устувори Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.