Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Фаъолияти байналмилалии Донишгоҳ бо мақсади байналмилаликунии донишгоҳ бо воситаи татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои таълимӣ, иштирок дар шабакаҳои байналмилалии донишгоҳӣ, ташкили табодули академии ҳайати кормандон ва донишҷӯён, такмили барномаҳои таълимии байналмилалӣ барои донишҷӯён ва гузаронидани конференсияҳо ва семинарҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Зиёда аз 35 сол аст, ки донишгоҳ мутахассисони хориҷи кишварро омода менамояд. Дар давоми ин солҳо дар донишгоҳ зиёда аз 600 нафар шаҳрвандони хориҷа аз 34 мамлакатҳои дунё соҳиби маълумоти олӣ гаштаанд. Онҳо бо муваффақият дар мамлакатҳои Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрикои Лотинӣ кору фаъолият бурда истодаанд. Айни замон, дар донишгоҳ зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил доранд.

Донишгоҳ робитаҳои сершуморро бо донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа ба роҳ монда, бомуваффақона ҳамкорӣ карда истодааст. Зиёда аз 120 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимӣ аз 30 мамлакатҳои ҷаҳон ҳоло шарикони донишгоҳ мебошанд.

Донишгоҳ соҳиби таҷрибаи калони ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои таълим ва илм мебошад. Донишгоҳ узви фаъоли Ассотсиятсияи донишгоҳҳои техникии ИДМ; Ассотсиатсияи донишгоҳҳои бинокории ИДМ; Ассотсиатсияи донишгоҳҳои меъмории ИДМ; Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии Осиёи Миёна, Урал ва Сибир; Ассотсиатсияи донишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ; Ассотсиатсияи байналмилалии таълимии автомобил ва роҳ мебошад. Донишгоҳ дар бештари барномаҳои байналмилалии таълимӣ ширкат меварзад. Аз ҷумла, иштироки бомуваффақият дар 10 лоиҳаи TEMPUS-и комиссияи Аврупоӣ, иштирок дар барномаҳои ERASMUS MUNDUS, ERASMUS PLUS ва дигар лоиҳаҳои байналмилалӣ дастовардҳои назаррас дар ин самт мебошанд. Айни замон донишгоҳ бо Донишгоҳи шабакавии ТҲШ аз рӯи се самт ҳамкорӣ менамояд.

Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар соли 2011 факултаи муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ташкил карда шудааст. Ҳудуди ин намуди ҳамкориро васеъ карда, дар соли 2016 факултаи муштараки дигар бо Академияи давлатии ҳавопаймоии Беларус ташкил карда шудаст.

Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ оид ба тайёр кардани бакалаврҳо ва магистрҳо аз рӯи ду ихтисос дар соҳаи техника ва технология гузаштааст.

Донишгоҳ мувофиқи мақсадҳои худ ҳамкории байналмилалиро бо кишварҳои гуногун такмил дода истодааст ва ба баланд намудани самаранокии равандҳои муайяншудаи соҳаи байналмилалӣ, инчунин ба вусъатдиҳии минбаъдаи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷа дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон аз рӯи барномаҳои гуногуни таълимӣ ва амаликунии лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ, нигаронида шудааст.

Белорусский национальный технический университет (БНТУ)

Республика Беларусь, 220013, г.Минск, пр-т Независимости, 65
Тел.: +375-(17)-3272177,+375-(17)-3275922
http://www.bntu.by/, bntu@bntu.by