Истифодаи усулҳои замонавии таълим тақозои замон аст

Истифодаи усулҳои замонавии таълим тақозои замон аст

Садои Мардум №87 (3567) 05.07.2016 

їаїваИмрўзҳо роҳбарият, ҳайати устодону профессорон ва донишҷўёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ тараддуди зиёд доранд. Онҳо ба ду ҷашн — 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60-солагии таъсисёбии донишгоҳ омодагӣ мегиранд. Хабарнигорамон дар робита ба ин, бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҳайдар Одинаев ҳамсуҳбат шуд.

- Хоҳишмандам дар оғоз каме доир ба таърихи донишгоҳ маълумот диҳед.

- Шашуми январи соли 1956 таҳти №14 Қарори Совети Вазирони СССР дар бораи дар маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Институти (Донишкадаи) политехникӣ ба имзо расид. Тибқи ин қарор якуми сентябри соли 1956  донишкада ба фаъолият шурўъ кард. То соли 1992 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ном дошт, баъд Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 1997 номи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро гирифт. Зимни ифтитоҳи донишкада он се факултет: энергетикӣ, сохтмон, технологӣ дошт ва ҳашт ихтисосро дар бар мегирифт. Бори аввал ҳамагӣ 200 нафар довталаб донишҷўи ин таълимгоҳ гардиданд. Соли 1961-ум 132 нафар баъди ҳимояи рисолаи дипломӣ соҳиби ихтисоси муҳандиси соҳаҳои энергетика, сохтмон ва нақлиёт шуда, 48 нафар баъди се соли таҳсил ба Институти бофандагии Тошканд фиристода шуданд. Соли 1956 дар донишкада таълими шабона ва соли 1960 таълими ғоибона ҷорӣ карда шуд. Ҳамин тавр, соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд якумин филиали донишкада ифтитоҳ шуд, ки он соли 2010 ба донишкадаи мустақили политехникӣ дар ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдил ёфт.

Давоми шаст соли фаъолият донишгоҳро зиёда аз 60000 нафар хатм карда, имрўз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва хориҷа кор карда истодаанд.

- Дар донишгоҳ айни ҳол кадом имконоту шароит ва захираҳо барои таълиму тарбияи мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир мавҷуданд?

- Сохтори мукаммалу идорашаванда яке аз омилҳои муҳими ташкили дурусти таълиму тарбия, илм ва пешравию муваффақияти донишгоҳ мебошад. Сохтори донишгоҳ пайваста такмил ёфта, дар ҳашт факултет ва 47 кафедра аз рўи 63 ихтисос мутахассисони дараҷаи бакалавр, маълумоти олидор ва магистрҳо омода карда мешаванд. Дар сохтори донишгоҳ Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд.

Қариб ҳама бинои донишгоҳ ба Шабакаи интернет пайваст ва дар онҳо камераҳои назоратӣ насб шудаанд. Имсол дар ду бинои таълимӣ гузаргоҳҳои идорашавандаи электронӣ гузоштем. Аммо самаранокии истифодаи ин воситаҳои техникӣ дар беҳдошти низоми меҳнат ва риояи тартиботи дохилӣ дар донишгоҳ беҳбудиро мехоҳад. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтаем соли ҷорӣ имкониятҳои техникии ташкили кору идоракуниро таҳлил намуда, истифодаи дуруст ва самараноки онҳоро роҳандозӣ намоем.

Дар ташкилу такмили усулҳои идоракунӣ ҳанўз камбудиҳо ҷой доранд. Биноан, баъзе сохторҳои камаҳамияту ба стратегияи рушди донишгоҳ номувофиқ ва ҷойҳои кории самаранок истифоданашавандаро ихтисор кардем. Аз ҷумла кафедраҳои факултети соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент ба факултетҳои мувофиқ вобаста карда шуданд.

- Мавҷудияти сохтори мукаммал як тарафи масъала ҳаст. Вале бе олимону мутахассисони варзида таълиму тарбия пеш намеравад.

- Дуруст таъкид кардед. Агар сохтор ба талабот ҷавобгў бошаду раванди таълим бо кадрҳои соҳибунвон, ки яке аз омилҳои асосии беҳтар намудани сифати таълим ва омодакунии мутахассисони донишманду соҳибкасб мебошад, таъмин нагардад, пешравӣ ба даст намеояд. Эътироф менамоем, ки фоизи устодони унвони илмидоштаи мо аз нишондиҳандаҳои меъёрӣ камтар аст. Айни ҳол  дар донишгоҳ 426 нафар устоди асосӣ ва 138 нафар ҳамкор  (79 нафар дохилӣ, 58 нафар беруна) кор мекунанд. Дар байни устодони асосӣ 20 нафар доктори илм,  24  нафар профессор ва 156 нафар номзади илм фаъолият доранд. Таносуби устодони унвондор 41 фоизро ташкил медиҳад. Моро лозим аст, ки дар ин самт ҷиддӣ кор кунем. Дар соли таҳсили ҷорӣ комиссияи махсуси аттестатсионии донишгоҳ зиёда аз як моҳ бо кормандони кафедраҳои донишгоҳ суҳбат дошт ва фаъолияти ҳар як узви кафедраро мавриди таҳлилу омўзиш қарор дод. Эроду пешниҳодҳо хеле зиёд буданд. Ба зиёда аз нисфи кормандони кафедраҳо барои беҳтар намудани корҳои илмӣ ва таълимӣ муҳлати муайян пешбинӣ карда шуданд. Агар 50 фоизи ин пешниҳодҳо амалӣ шаванд, масъалаи таъмини кафедраҳо бо устодони унвондор  ҳалли худро меёбад.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташриф ба донишгоҳ (17 апрели соли 2007) таъкид намуда буданд, ки «… барои он ки донишгоҳ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо иҷро карда тавонад, худи донишгоҳро зарур аст, ки аз шаклу усулҳои замонавии таълим бархўрдор ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз бошад…». Ин дастури Сарвари давлат чӣ тавр иҷро мешавад?

- Дар самти иҷрои ин дастури Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёд амалӣ шуданд. Донишгоҳ пурра ба шакли дузинагии таҳсилот ва низоми кредитии таълим гузашта, кўшиш намуда истодаем, ки ба фазои ягонаи таҳсилоти минтақавию ҷаҳонии таълим ворид шуда, омодакунии мутахассисонро тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ба роҳ монем. Муваффақиятҳо байни муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ дар ин самт беҳтарин ҳам набошад, бад нестанд.

Яке аз омилҳои беҳтар намудани сифати таълим ва омода намудани мутахассисон шаффоф гузаронидани маъракаи қабули довталабон ва ҷалби ҷавонони болаёқат ба донишгоҳ мебошад. Аз соли 2014 қабули довталабон ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Мутаассифона, ин тарзи қабул барои донишгоҳ чандон муваффақ набуд. Ду сол боз донишгоҳ соле зиёда аз 1000 нафар донишҷўи шартномавиро қабул карда наметавонад, ки таъсири молиявии он чашмрас аст. Соли гузашта дар гурўҳҳои буҷетӣ 492 нафар (19,4 фоиз) ва дар гурўҳҳои шартномавӣ 1104 нафар (43,5 фоиз), ҷамъ 62,9 фоиз донишҷў шуд. Дар шуъбаи магистратура  аз 613 нафар мувофиқи иҷозатнома 147 нафар ( 23,9 фоиз ) қабул гардид.

Раёсати донишгоҳ барои каме ҳам бошад беҳтар намудани вазъи ба амаломада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм барои иҷозати қабули имконпазир дар факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус — Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва шуъбаи ғоибона муроҷиат намуд. Дар натиҷа, нишондиҳандаҳои қабули имсола каме беҳтар гардид.

- Барои самаранокӣ ва пешбурди корҳои илмӣ чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

- Вобаста ба ин масъала Шўрои олимони донишгоҳ фаъол аст. Барои хубтар ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаи аспирантураю докторантураи донишгоҳ чораҳои судманд андешида мешавад. Мусаллам аст, ки таҳсилоти олии мукаммалро бе истифодаи дастовардҳои илмӣ тасаввур намудан номумкин аст. Таҳқиқоти илмии олимони донишгоҳ низ дар соли таҳсили ҷорӣ ба самтҳои афзалиятноки рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва таҳсилоти олӣ бахшида шуданд. Соли 2015 устодону кормандони донишгоҳ аз рўи ҳафт мавзўи фармоиши буҷетии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду лоиҳаи Фонди президентӣ таҳқиқотҳои бунёдӣ гузарониданд, ки барои иҷрои онҳо 254221 сомонӣ ҷудо шуд. Инчунин, аз рўи зиёда аз 120 мавзўи кафедравӣ таҳқиқот бурда мешавад.

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон», ки ба рўйхати маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Федератсияи Россия дохил шудааст, ба нашри саривақтии мақолаҳои аспирантону унвонҷўёни донишгоҳ мусоидат намуда, чопи мақолаҳои илмии олимони ҷумҳурӣ ва давлатҳои зиёди хориҷ дар он аз эътирофи байналмилалиаш гувоҳӣ медиҳад. Соли гузашта 710 кори илмӣ-методӣ, аз он ҷумла 14 монография ва 31 китоби дарсӣ, 104 дастури таълимӣ-методӣ, 561 мақолаю фишурдаи маърўзаҳо нашр шуданд.

Боиси қайд аст, ки дар донишгоҳ мунтазам конференсияву семинарҳои илмӣ-амалӣ баргузор гардида, дар он устодону донишҷўён фаъолона ширкат менамоянд. Бо мақсади ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб намудани донишҷўён дар донишгоҳ  Ҷамъияти илмии донишҷўён ва кружокҳои мустақили илмиву техникӣ ташкил карда шудаанд. Ин аст, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як нафар ҷойи дуюм ва як нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Онҳо бо дипломи дараҷаи 2 ва 3, инчунин мукофотпулии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаву мукофотпулии донишгоҳ  қадрдонӣ карда шуданд.

- Парки технологии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ фаъол аст?

- Бале, дар Парки технологӣ барои ҷалби донишҷўёни соҳибзавқу пешбурди фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкорӣ корҳои шоёне анҷом меёбанд. Имрўз Парки технологии ДТТ бо 13 идораву корхона созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ахиран, бо ҶСК «Технотон» -и Ҷумҳурии Беларус ва Парки илмию техникии ДМТБ «Политехник» ду созишнома баста шуд.

Мавриди зикр аст, ки Парки технологии донишгоҳ соли 2015 ҷиҳати таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Ба ғайр аз ин, Парки технологӣ барои озмоишгоҳҳои физикаи Донишкадаи омўзгории Рашт, Донишгоҳи давлатии шаҳри Қўрғонтеппа ба номи Н. Хусрав, филиали душанбегии Донишкадаи давлатии шаҳри Москва ба номи М. Ломоносов ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҷҳизот омода намудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки Парки технологӣ имкон дорад, ки таҷҳизоти физикиро барои озмоишгоҳҳои мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ низ омода намояд.

- Корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

-Таълиму тарбияро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин нест. Қариб ҳамаи самтҳои фаъолияти донишгоҳ, ҳатто таъмиру сохтмон ва ободонӣ ҳам аҳамияти тарбиявӣ дошта метавонанд. Дар донишгоҳ ба ифтихори ҷашнҳои Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, Ҷашни Наврўз, Рўзи Ғалаба, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи дониш, ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллии Тоҷикистон чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва маънавӣ гузаронида мешавад.

Бояд қайд кард, ки солҳои охир самт ва мундариҷаи чорабиниҳои тарбиявӣ тағйир ёфтанд. Дар донишгоҳ Шўрои кураторон, Шўрои худидоракунии хобгоҳҳо, Шўрои собиқадорони донишгоҳ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо ба тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ҳисси баланди ватандориву давлатдорӣ  равона шудааст.

- Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷа дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Робитаҳои байналмилалиро мо дар асоси санадҳои ҳуқуқиву меъёрии амалкунанда ба роҳ мондаем. Имрўз донишгоҳ бо як қатор донишгоҳу донишкадаҳо, пажўҳишгоҳҳои илмӣ ва созмонҳои хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст. Айни замон дар донишгоҳ 75 нафар донишҷўи хориҷӣ дар шуъбаи тайёрӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, факултетҳои таълимӣ, шуъбаи таълимоти олии касбии дуюм, магистратура, аспирантура ва докторантура таҳсил менамоянд.  Шаҳрвандони хориҷӣ бештар ба ихтисосҳои сохтмон ва меъморӣ, шабакаҳои алоқа ва тақсимоти иттилоот, инчунин неругоҳҳои барқи обӣ ва барқтаъминкунӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Мавриди зикр аст, ки чанде пеш миёни донишгоҳ ва Донишгоҳи техникии Фрайберг (Олмон) созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳқиқоти илмии муштарак ва омодасозии омўзгорони соҳибунвон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба имзо расонида шуд, ки ин имкониятҳои моро боз ҳам зиёд менамояд.

Дастоварди дигаре, ки соли 2015 донишгоҳ ба он муваффақ шуд, ин аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ду ихтисос – «Манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия» ва «Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот» маҳсуб мешавад.

- Барои истиқболи ҷашнҳои  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 60-солагии таъсисёбии  донишгоҳ чӣ нақшаҳо доред?

- Барномаи чорабиниҳои ҷашнӣ гуногуҷанба ва пурмазмун аст. Аз оғози соли нав тадбирҳо мунтазам амалӣ мешаванд. Тайи як ҳафта дар донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ аз рўи намуди волейбол барои дарёфти Ҷоми ректори донишгоҳ гузаронида шуд, ки дар он намояндагон аз 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ширкат варзиданд. Дар арафаи Рўзи Модар озмуни «Чеҳраҳои ҳусн» доир гардид.

Дар ҳар як шумораи нашрияи донишгоҳ — «Муҳандиси ҷавон» ба пешвози ҷашнҳои зикршуда роҷеъ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, таърихи ташаккули донишгоҳ, сохторҳо, факултету кафедраҳо, устодону донишҷўён матолиб дарҷ мегардад. Тасмим гирифтем китоби ҷашнӣ, ҷузвия (буклет), сабти видеоӣ, филми мустанад, ҳар гуна армуғонҳо бо нишони донишгоҳ омода кунем. Табиист, ки корҳои сохтмону азнавсозии иншооти ҷашнӣ низ дар нақшаи тадбирҳо ҷойи асосиро ишғол мекунад. Хулоса, ҳар чорабиние, ки дар ин сол ба нақша гирифтаю амалӣ менамоем, ба ифтихори ин ҷашнвораҳо аст.

 Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

HTTP://SADOIMARDUM.TJ/MAORIF/ISTIFODAI-USUL-OI-ZAMONAVII-TA-LIM-TA-OZOI-ZAMON-AST/